Рӯйхати ягона мураттаб мегардад
Душанбе, 1 5 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар оянда дар саросари ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи интихобкунандагон ташкил карда шавад. Масъалаи мазкур зимни баргузории мизи гирд таҳти унвони «Аҳолӣ, барӯйхатгирии интихобкунандагон ва асосҳои ҳуқуқии низоми интихоботӣ» дар Душанбе матраҳ гардид. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ /КМИР/ зикр намуд, ки КМИР дар мусоидат бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, баргузории семинарҳои омӯзиширо бо иштирокчиёни раванди интихобот дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст. Иштирокчиёни нишаст ҳамзамон доир ба масъалаҳои низоми мавҷудаи рӯйхати интихобкунандагон дар ҷумҳурӣ, асосҳои таҳияи рӯйхати ягонаи марказонидашудаи интихобкунандагон, меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи беҳтарини барӯйхатгирии интихобкунандагон, алоқамандӣ миёни шумораи аҳолӣ ва интихобкунандагон ибрози назар карданд. Мавриди зикр аст, ки нишаст бо ибтикори КМИР ва ниҳоди демократия ва ҳуқуқи инсонӣ САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд ва дар он намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, агентии омор, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони масъули мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






