Рӯзҳои истироҳат ба ифтихори Наврӯз
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 21 март дар бисёр кишварҳои ҷаҳон иди « Наврӯз» — ро таҷлил мекунанд. Бо ибтикори бархе кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералии СММ ин рӯзро «Иди байналмилалии ҳамаи халқҳо» эълон кард.Мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» 21,22,23 ва 24 март расман рӯзҳои ид ба шумор мераванд. Чун 24 март ба рӯзи шанбеи истироҳат рост меояд, мувофиқи қонуни ҶТ « Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯз ба душанбеи 26 март гузаронида мешавад. 25 март, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи истироҳати муқаррарӣ аст. Аз ин лиҳоз, мардуми Тоҷикистон 21,22,23,24,25 ва 26 март истироҳат доранд.Дар ин бора мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. 27 март рӯзи корӣ аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






