Рӯзи матбуот дар Хуҷанд
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Намояндагии Бунёди русиягии «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» дар ҶТ дар арафаи Рӯзи матбуот як қатор рӯзномаҳои вилоятию шаҳрӣ, телевизиони вилоят ва журналистонро бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои пурқимат тақдир намуд. Тавре намояндаи Бунёд Хуршеда Содиқова иброз дошт, нашрияҳо ва намояндагони ВАО вилоят барои ҳамкории самарабахшашон дар инъикоси чорабиниҳои ҳукумат дар вилояти Суғд бо ин мукофотҳо сарфароз гардиданд. Дар ҷараёни маросим зикр шуд, ки намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят ба тарғиби забони русӣ, таҳкими дӯстию ҳамрайъи, дар ҷомеа барқарор намудани равобити фарҳангӣ ва маънавию эстетикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия саҳми бориз мегузоранд. Намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят дар навбати худ иброз доштанд, ки минбад ҳам ҷонибдори бо бунёди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» — и Русия густариш додани ҳамкорӣ мебошанд. Дар ин бора директори Намояндагӣ дар Тоҷикистон Галина Назарова хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






