Раддияи Агентии назорати маводи нашаъаовар

Март 19, 2012 14:57

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маълумоти ҳисоботи Harm Regiction International (қароргоҳаш дар Лондон) – ро дар мавриди он, ки гӯё Тоҷикистон аз нигоҳи шумораи занони барои қочоқи маводи нашъаовар ҳукмшуда пешсаф буда, аз ҷумлаи шумораи занони мӯҳлати ҳукмро дар зиндонҳо сипарикунанда 70 фоизашон барои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳукм шуда бошанд, раъд менамояд. Мувофиқи маълумоти ин ҳисобот, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 миллиону 519 ҳазору 360 нафар занон зиндагӣ доранд. Дар маҳбасҳои Тоҷикистон гӯё 600 нафар занон нигоҳ дошта мешаванд, ки 420 нафари онҳо барои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳукм шудаанд.Бино ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, тайи солҳои охир теъдоди маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои вобаста бо маводи нашъаовар, 12 – 13 фоизи шумораи умумии шахсони ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидашударо ташкил медиҳад.Соли 2011 дар Тоҷикистон 16 ҳазору 864 ҷинояткории умумии ҷиноӣ содир шуда, дар баробари ин ҳиссаи ҷиноятҳо вобаста ба маводи нашъаовар дар ин муддат 5,5 фоизро ташкил дод.Мувофиқи маълумоти манбаъ, соли 2011 дар ҶТ барои содир намудани ҷинояткории умумии ҷиноӣ 7 ҳазору 826 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 805 нафар занон ҳукм шуданд. Аз ҷумлаи шумораи зикршуда барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 41 нафар занон ҳукм шуданд, ки 4,2 фоизро ташкил медиҳанд.Қобили зикр аст, ки солҳои 2009 ва 2010 теъдоди занони вобаста ба маводи нашъаовар ҳукмшуда таносубан 57 ва 55 нафарро ташкил дода буд. Соли 2011 дар маҳбасҳои Сарраёсати иҷрои ҳукмҳои ҷиноии Вазорати адлияи ҶТ 237 нафар занон мӯҳлати ҷазоро баҷо меоварданд, ки аз ҷумлаи онҳо фақат 54 нафарашон (4,3 фоиз ) ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дахл доштанд.Баъди ба мавқеи иҷро расидани Қонун «Дар бораи афв» (№764 аз 20 августи соли 2011) то 16 марти соли 2012 – ум 96 нафар занон барои содир намудани намудҳои гуногуни ҷиноят, аз ҷумла ҳамагӣ 6 нафар занон барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар маҳбас буданд.

Март 19, 2012 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд