«Регар- ТадАЗ»: тайёрӣ ба мавсими нав дар Туркия
Душанбе, 29 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тими «Регар- ТадАЗ» -и Турсунзода омодагиро ба мавсими нави футбол дар Туркия ба анҷом мерасонад. Футболбозони ин даста се бозии таҷрибавиро бо дастаҳои гуногун доир карданд. Дар дидори дирӯза ҳарифи регариҳо дастаи «Октан»-и Перм, ки дар лигаи дуввуми Русия ширкат мекунад, бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Аз ин пештар дар вохӯрӣ бо клуби «Тюмен» ҳам футболбозони шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хӯрда буданд. Дар вохӯрӣ бо дастаи «Остона -1964» бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯзӣ насиби футболбозони «Регар- ТадАЗ» гардид. Футболбозон бозии охирини таҷрибавиро 30 март доир хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






