Роҳҳои харобгардида таъмир мешаванд
Душанбе, 16 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар соли равон шаҳрдории Душанбе барои навсозии 16 кӯчаи шаҳр аз буҷаи пойтахт 220 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Матлаби мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён шуд. Зимни баррасии масълаи таъмири роҳҳои пойтахт, ки бар асари сардиҳои зимистони соли равон хароб гардидаанд, зикр шуд, ки тибқи барномаи шаҳрдорӣ бо сафарбарсозии маблағҳои буҷа ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ вусъатбахшии корҳо бо инобати мусоид омадани боду ҳаво дар ноҳияҳои пойтахт шурӯъ гардидааст ва ҷараёни корҳо зери назорати шахсии раиси шаҳр қарор доранд. Дар робита ба ин 92, 7 км роҳҳои пойтахт, ки дар таносуби ноҳияҳои шаҳр қарор доранд, таъмири ҷорӣ карда мешаванд, ки маблағи он беш аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз он 37 км роҳ дар ҳудуди ноҳияи Сино, 23 км дар ноҳияи Шоҳмансур, 15 ва 16 километр дар ноҳияҳои И. Сомонӣ ва Фирдавсӣ қарор доранд. Бояд тазаккур дод, ки ин миқдор таъмири ҷории роҳҳо тамоми роҳҳои харобгардидаи ноҳияҳоро дар бар намегирад ва масоҳати боқимондаи роҳҳои харобшуда аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳияҳо таъмир карда мешаванд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2012 -2015 дар пойтахт солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдаравҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо эълон шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






