Роҳбарони беҳтарини донишкадаҳои олии Тоҷикистон
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар ҳошияи озмуни якуми ҷумҳуриявии «Соҳибкори беҳтарини соли 2011» дар Вазорати маорифи ҶТ маросими ба ифтихори 20 — солагии истиқлолияти Тоҷикистон мукофотонидани ғолибони озмуни «Роҳбари беҳтарини донишкадаи олӣ дар соли 2011» баргузор гардид.Бо қарори аъзои ҳакам ректорони Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат Файзалӣ Комилов ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Панҷакент Муаззам Ансоров бо дипломҳои фахрӣ мукофотонида шуданд. Дипломҳоро вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов ва директори генералии Маркази ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони ҶТ Ёқуб Додоҷонов супурданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






