Русҳо киро Президент интихоб менамоянд?
Душанбе, 1 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ /КМИР/-и ҷумҳурӣ ҷиҳати назорати ҷараёни баргузории интихоботи президенти Русия 2 март ба пойтахти ин кишвар-шаҳри Маскав сафар менамоянд. Ҳайати нозирони ИДМ-ро дар интихоботи Президенти Русия ваколатдори Қазоқистон дар Комиссияи масъалаҳои иқтисодии Шӯрои иқтисодии Иттиҳод Наврӯз Айдаров роҳбарӣ менамояд. Интихоботи президентии Русия 4 марти соли 2012 баргузор гардида, дар он панҷ номзад ҷиҳати ноил гардидан ба курсии президентӣ рақобат менамоянд. Инҳо Сарвазири феълии Русия, роҳбари ҳизби «Русияи воҳид» Владимир Путин, сарвари ҳизби «Русияи адолатхоҳ» Сергей Миронов, роҳбари ҳизби коммунистони Русия Геннадий Зюганов, сарвари ҳизби либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский ва тоҷир Михаил Прохоров, ки ҳамчун номзади худпешбар ба қайд гирифта шудааст, мебошанд. Тибқи қонуни федеролии Русия «Дар бораи интихоботи Президенти Федератсияи Русия» дар интихоботи президентӣ шахсе иштирок карда метавонад, ки сокини муқимии Русия буда, тӯли даҳ соли охир дар ин кишвар зиста бошад ва синнаш аз 35 поён набошад. Бояд гуфт, ки дар интихоботи 4 марти соли 2012 бори нахуст дар Русия президент ба мӯҳлати шаш сол интихоб карда мешавад.16.07








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






