Сӯҳбати Шариф Саид бо Ён Ёнг — Ку
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва сафири Куриё дар Тоҷикистон Ён Ёнг – Ку масъалаҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО – 2012 – ро, ки дар шаҳри Ёсу баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки вақтҳои наздиктарин ҷаласаи Кумитаи тадорукотии намоишгоҳ баргузор гардида, дар он вазифаҳои ҳар идора бобати омодагӣ ба намоишгоҳ, ҳамчунин консепсияи нигораҳои Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари ташкилӣ муайян карда мешаванд. Дипломати Куриё дар навбати худ Шариф Саидро бинобар намояндаи миллӣ тайин шуданаш муборакбод карда ва итминон дод, ки сафорати Куриё дар амри масъалаҳои ташкилӣ ҷиҳати ба расмият даровардани санадҳои зарурӣ ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.Хотирнишон месозем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО — 2012 — ум 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ёсуи Куриё ифтитоҳ гардида ва 12 август анҷом меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






