Сӯҳбати Т.Салимов бо Д. Ҳалверсон

Март 16, 2012 11:28

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Чанде пеш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов бо сафири Норвегия дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Дарк Ҳалверсон мулоқот анҷом дод.Дар мулоқот коршиноси намояндагии WWF Норвегия Ҳормут Юнгиус, ҳамоҳангсози WWF дар Осиёи Марказӣ О. Переладова ва роҳбари Созмони ғайриҳукуматии «Гурӯҳи ҳифзи табиат» Ф.Илларионова ширкат доштанд. Мақсад аз мулоқот таҳлилу баррасӣ ва назорати натиҷаи дар Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи «Идораи мутамаркази захираҳои об ва ҳифзи табиат», ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи кумита бо намояндагии Норвегия мебошад. Дар ҳошияи ин сафар ҳамчунин дидори аъзои намояндагии Норвегия дар Осиёи Марказӣ аз «Бешаи палангон» дар назар аст.

Март 16, 2012 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад