Сабаби сӯхтор маълум гардид
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Сабаби асосии сӯхтор дар бозори марказии «Фаровон — Қӯрғонтеппа» маълум гардид.Тавре сардори хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон Назирмад Аюбов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, сабаби сар задани сӯхтор иттисоли кӯтоҳи сими барқ буда ва дар муддати кӯтоҳ масоҳати 1 ҳазору 150 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор 9 мошини махсуси қисмҳои сӯхторнишонии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Вахш, Сарбанд, Ҷомӣ ва ноҳияи Румӣ сафарбар карда шуд. Маблағи зарари сӯхтор беш аз 320 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар ин бозор тафтишот гузаронида ва барои рафъи нуқсонҳои он дастурҳои зарурӣ дода шуда буданд.Назирмад Аюбов ҳамчунин иброз дошт, ки барои хомӯш кардани сӯхтор кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳисса гузоштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






