Садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Айнӣ

Март 28, 2012 15:27

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).- 26 марти соли 2012 соати 15-у 30 дақиқа ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ-53212» (рақами давлатияш АТ 62-79 01/РТ) Ҳалимов Ҳайдар Холович (соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Ваҳдат, маҳаллаи Эскигузар, бекор) ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар километри 119-уми ҳудуди деҳаи Чоре бинобар баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «КАМАЗ-53213» (рақами давлатияш 62-20 02/РТ), таҳти идораи ронанда Алиев Маъруф Мухторович (соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Истаравшан, деҳаи Чорбоғ, бекор) бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи «КАМАЗ-53213» шаҳрванд Алиёров Мафтун Мазбутович (соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Истаравшан, деҳаи Чорбоғ, бекор) ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда М. Алиев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарист. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.

Март 28, 2012 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад