Садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Айнӣ
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).- 26 марти соли 2012 соати 15-у 30 дақиқа ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ-53212» (рақами давлатияш АТ 62-79 01/РТ) Ҳалимов Ҳайдар Холович (соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Ваҳдат, маҳаллаи Эскигузар, бекор) ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар километри 119-уми ҳудуди деҳаи Чоре бинобар баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «КАМАЗ-53213» (рақами давлатияш 62-20 02/РТ), таҳти идораи ронанда Алиев Маъруф Мухторович (соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Истаравшан, деҳаи Чорбоғ, бекор) бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи «КАМАЗ-53213» шаҳрванд Алиёров Мафтун Мазбутович (соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Истаравшан, деҳаи Чорбоғ, бекор) ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда М. Алиев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарист. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






