Сафари сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба минтақаи Кӯлоб

Март 3, 2012 12:29

Кӯлоб, 3 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сарвазири мамлакат Оқил Оқилов дар минтақаи Кӯлоб бо рафти корҳои соҳилмустахкамкунӣ дар соҳили дарёю сойҳо шинос гардида, ба масъулин супориш доданд, ки корҳои барқарорсозӣ бояд то мӯҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расанд. Зикр шуд, ки барои вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ, симтӯр ва дигар лавозимот ҷудо гардидааст. Аз ин ҳисоб дар соҳили дарёи Сурхоб, Ёхсу ва сойҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақа корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз техникаҳо бомаром идома доранд. Бо маблағгузории дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ соҳили дарёи Сурхоб дар ду мавзеъ ба масофаи 300 метр аз ҷониби ташкилоти сохтмонии Хушини ноҳия бо харҷи 770 ҳазор сомонӣ пас аз анҷоми корҳои заминӣ аз нав барқарор карда мешавад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ соҳили дарёи Ёхсу бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаи зудамали механиконидашудаи минтақаи Кӯлоб дар масофаи 850 метр бо гузаронидани корҳои заминӣ, кашонидани симтӯр аз нав баркарор мешавад. Дар сойи Лангари ҳудуди ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод низ барқароркунии соҳили сой дар масофаи 300 метр аз моҳи декабри соли 2011 оғоз гардида, пас аз гузаронидани корҳои заминӣ то имрӯз дар ин мавзеъ дар масофаи 130 метр симтӯр хобонида шудааст. Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили сойи Лангар шинос гардид. Масъулин иброз доштанд, ки тариқи ҳашар бо ҷалби сокинони деҳот корҳои симтӯрхобонӣ дар 170 метри боқимондаи сойи мазкур идома дода мешавад. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар соҳили сойи Даҳана, сойи Зиракӣ, сойи Тебалай ва дарёи Ёхсу аз наздик ошно гардида, дар назди масъулин доир ба суръат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартараф сохтани хавфи оқибатҳои офати табиӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Март 3, 2012 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад