Сарвари давлат мардумро ба кабудизоркунӣ даъват кард
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар»). – 10 март пас аз зӯҳр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, мардуми кишварро ба вусъати кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ даъват кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони сершумори аҳли матбуоти кишвар ба мавзеи биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар ҳашари ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии майдонҳои атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони давлатӣ ва Парчами Тоҷикистон, Қасри Миллат ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бевосита иштирок намуд. Тайи чанд соли охир дар ин ва дигар мавзеъҳои пойтахт бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, аз ҷумла ниҳолҳои нодири сӯзанбарг шинонда шудаанд, ки барои ба миён овардани иқлими маҳаллии нарму форам ва тоза кардани боду ҳаво нақши муҳим мебозанд. Ниҳолҳои сарву санавбар, арчаи маҳаллӣ, шоҳбулут, кипариси аризонӣ ва хусусан сиквой, ки зиёда аз ҳазор сол умр мебинад, минбаъд дар таъмини покизагии ҳаво ва зебогии шаҳри Душанбе нақши муҳим хоҳанд дошт. Бо иштироки бевоситаю пайвастаи худ дар ҳашарҳои ниҳолшинонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин масъулини соҳаҳои марбута ва мардуми кишварро ба вусъат додани кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят мекунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






