Савдои чаканаи мол афзоиш меёбад
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи ду моҳи соли равон дар Тоҷикистон савдои чаканаи мол нисбат ба моҳҳои январ ва феврали соли гузашта 16,7 фоиз афзудааст.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми умумии савдои чаканаи бозор ва сохторҳои дигари тиҷоратӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил дод.Вазни қиёсии муомилоти моли бахши ғайридавлатии савдо дар давраи зикршуда 98,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил дод. Вазни қиёсии молҳои озуқавӣ дар ҳаҷми умумии муомилоти амвол баробари 47,8 фоиз ё беш аз 664 миллиону 200 ҳазор сомонӣ буд. Дар давраи гузашта ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо 82 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 баробари 8,9 фоиз зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






