Семинари Бонки Рушди Осиё

Март 27, 2012 14:49

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бо ибтикори Бонки Рушди Осиё ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 то 28 март дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи истифодаи маблағҳо баргузор мешавад. Дар кори семинар қариб 30 нафар мансабдорони ҳукумат ва кормандони агентиҳои иҷроия ва марказҳои оид ба татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Рушди Осиё маблағгузоришаванда, кормандони намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар ҶТ иштирок менамоянд. Назар ба гуфтаи мутахассиси Бонки Рушди Осиё Асел Чингишева, вазифаи асосии ин тадбир иборат аз воқиф намудан ва ба иштирокдорони семинар омӯхтани қоидаҳои Бонки Рушди Осиё ҷиҳати ҷудо кардан ва истифода намудани маблағу кӯмакҳои бебозгашт мебошад.Ҳаҷми умумии кӯмаки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон аз соли 1998 дар шакли қарзҳои имтиёзноку бебозгашт ва кӯмаки техникӣ қариб 860 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Фаъолияти Бонки Рушди Осиё бо усули беҳдошти дастрасӣ ба нерӯи барқ, хизматрасонии самарабахши иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ ба аҳолии кишвар фоидаи зиёде меоварад.Дар ин бора аз намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Март 27, 2012 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад