Шаҳриён ба ниҳолшинонӣ баромаданд
Душанбе, 23 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз 23 март дар шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Шавкат Саидов, котиби матуботии раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин тадбир, ки яке аз анъанаҳои неки аҷдодиамон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундапайи Наврӯз буда, тибқи қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳандозӣ гардидааст. Дар ин рӯз сокинони маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт бо мақсади сарсабзу хуррам ва тозаю обод гардонидани маҳали зисти худ ба маъракаи ниҳолшинонӣ баромадаанд. Сокинони чор ноҳияи пойтахт дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона ширкат намуда, буттаю ниҳолҳои гуногуни сояафкану ороиширо,ки ба ҳусни шаҳр ва сарсабзу хуррам гардонидани он ҳусни дигар зам менамоянд, дар кӯчаю атрофи роҳравҳо ва маҳали зисти худ мешинонанд. Ҳамзамон ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз соати 14.00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо иштироки гӯштингирони шинохтаи ҷумҳурӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ гузаронида мешавад, ки беҳтарин гӯштингиронро автомошинаи хориҷӣ интизор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






