Шаҳрванди ҶИА дастгир шуд
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шаҳрванди Афғонистонро ба қочоқи маводи нашъаовар гумон бурда, дастгир намуданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ, ин амалиёт 28 март дар ҳудуди тарабхонаи «Гулдаста» — и пойтахт сурат гирифта, дар натиҷаи он шаҳрванди 34 – солаи Афғонистон Саидмуҳаммад Ғанибой бо 23 килограмму 954 грамм ҳашиш дастгир шуд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, кормандони милиса аз ин шахси гумонбар як таппончаи «Макаров» — ро пайдо намуданд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






