Шарикони асосии тиҷоратии ҶТ

Март 15, 2012 11:54

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – феврали соли 2012 беш аз 827 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил дод, ки назар ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2011 баробари 9,3 фоиз ё 70 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА зиёд аст.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, баланси тиҷоратӣ хусусияти манфӣ дошта ва беш аз 415 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод. Дар давраи гузашта Тоҷикистон бо 74 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 9 кишвари аъзои ИДМ ва 65 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Мувофиқи хабари Агентӣ, камбуди баланси тиҷоратӣ бо кишварҳои ИДМ беш аз 308 миллион доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 107 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод. Дар давраи зикршуда содироти амвол беш 205 миллиону 900 ҳазор доллар ва воридоти он зиёда аз 621 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА буд. Шарикони асосии тиҷоратии ҶТ дар муомилоти савдои берунӣ Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Чин, Туркия ва Эрон ба шумор мераванд.

Март 15, 2012 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад