Соҳибкорони афғон дар Душанбе
Душанбе, 23 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ муаррифии Анҷумани соҳибкорон ва намоишгоҳи байналмилалӣ, ки дар доираи баргузории панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодӣ, минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ташкил мегардад, баргузор мешавад. Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар муаррифии ин чорабиниҳо ҳайати соҳибкорони Афғонистон ширкат менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар кори конфронси мазкур, ки рӯзҳои 26-27 марти соли равон дар Душанбе баргузор мешавад, Сарони кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Эрон Ҳомид Карзай, Алӣ Осиф Зардорӣ ва Маҳмуд Аҳмадинажод низ ширкат ва суханронӣ менамоянд. Тибқи маълумоти кумитаи тадорукоти конфронс, дар ин чорабинӣ ҳамзамон намояндагони 40 кишвари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва 33 созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни кори конфронс як қатор лоиҳаҳо дар бахши энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо, омодасозии мутахассисон барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






