Сохтмони нақби «Чормағзак» идома дорад
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сохтмони нақби «Чормағзак» воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара идома дорад. Бинокорон то имрӯз ба масофаи 2 ҳазору 300 метр пеш рафтаанд. Аз Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқи Вазорати нақлиёти ҶТ дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, барои зудтар анҷом ёфтани сохтмони нақб дар баробари пармакорӣ ҳамзамон бетонрезии нақб идома дорад. Алҳол масофаи беш аз 2 ҳазор метр нақб бетонрезӣ шудааст. Хотирнишон месозем, ки татбиқи ин лоиҳа моҳи марти соли 2010 оғоз ёфта буд. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак», масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






