Солеҳӣ ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки 7 март вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки роҳбари идораи сиёсати хориҷии Эрон зимни сафараш ба Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эронро дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон Алӣ Акбар Солеҳӣ дар Душанбе масъалаи сафари қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз сурат мегирад, матраҳ хоҳад намуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






