Суботи Афғонистон омили рушд ва пешравиҳост
Душанбе, 26 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). «Пешрафти иқтисодӣ яке аз афзалиятҳои ҳаётии ҳукумат ва давлати Афғонистон ба шумор меравад», гуфт зимни суханронии худ Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар панҷумин конфронси минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистон, ки 26 март дар Душанбе бо ҳузури намояндагони 80 кишвари ҷаҳон ва 35 созмони байналмилалию минтақавӣ оғоз гардид. Ҳомид Карзай афзуд, ки мардум ва ҳукумат Афғонистон ба хотири таҳкими сулҳу суботи комил дар кишварашон талош доранд, то аз лиҳози иқтисодӣ ба пешравиҳо ноил гарданд. «Омоли мардуми Афғонистон ин пойдорӣ ва таҳкими сулҳ, оромӣ ва зиндагии шоиста дар канори мардумони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст. Умеди мо аз кишварҳои ҷаҳон ва минтақа ин аст, ки мардуми Афғонистонро дар амалӣ гардидани омолашон кӯмак намоянд», таъкид кард Хомид Карзай. Мавсуф гуфт: мо умедворем, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷораииӣ Афғонистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон устувортар мегардад. Афғонистон аз лиҳози мавқеъи ҷуғрофӣ ва сарватҳои табиӣ нақши калидиро дар тақвияти робитаю ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар минтақа дорад. Президенти Афғонистон таъкид кард, ки дар сурати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон он яке аз кишварҳои пешрафта ва омили рушди иқтисодию тиҷоратӣ дар минтақа хоҳад буд. Ҳомид Карзай баргузории панҷумин конфронси минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистонро дар Душанбе қадами бузурге дар рушди минбаьдаи бахшҳои иқтисодию инфрасохтории кишвараш арзёбӣ кард.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






