Суханронии Э. Раҳмон дар Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон

Март 26, 2012 10:23

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) (Душанбе, 26 марти соли 2012)Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,Ҷаноби Олӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон,Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон,Мӯҳтарам ширкаткунандагони Конфронс,Меҳмонони гиромӣ, Хонумон ва ҷанобон,Сараввал иҷозат диҳед ташрифи Шуморо ҷиҳати иштирок дар Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон сидқан хайра мақдам бигўям. Сарфарозам бори дигар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврўз табрику таҳният арз намуда, ба ҳамаатон саломатию хушбахтӣ ва муваффақият орзу намоям.Ҳамоиши имрўза, ки таҳти шиори «Ҳамкорӣ барои натиҷабардорӣ дар пешбурди ҳамгироӣ, субот ва рушди минтақавӣ» баргузор мегардад, аз натиҷаҳо ва вазифаҳои дар ҳамоишҳои қаблӣ оид ба Афғонистон муайянгардида маншаъ гирифта, дар навбати худ саҳифаи наверо дар таърихи кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоиштаи ин кишвар оғоз менамояд.Мо итминон дорем, ки суханрониву баррасиҳои Шумо дар ин Конфронс тарзу тариқаҳои наверо барои ҳалли мушкилоти Афғонистон мушаххастар намуда, барои таҳияи зербинои рушди устувори он шароити мусоид фароҳам хоҳанд овард. Тайи чанд соли охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун зиёд баргузор гардиданд. Дар онҳо пешниҳоду таклифҳои созанда фаровон садо дода, санадҳои муфид ҳам қабул шуда буданд. Вале мутаасифона, раванди амалӣ намудани мувофиқаҳои ҳосилшуда муҷиби қаноатмандӣ нест ва алҳол зарурати эҷоди механизми мукаммали татбиқсозии онҳо пеш омадааст.Аз ин рў, мо итминон дорем, ки дар ин Конфронси мо дар баробари муайян намудани роҳу василаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба Афғонистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани натиҷагириҳои он гомҳои воқеӣ бардошта хоҳанд шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманд будани худро ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва таҷдиду эҳёи бахшҳои мухталифи ҳаёти он иброз медошт. Мо мисли ҳамешагӣ сидқан ҷонибдори боэътимоди сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дўсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, мўътақидем, ки истиқрору субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.Имрӯз ин эътиқоди мо бештар шудааст, зеро мусаллам аст, ки бо пойдор гардидани мавқеи мақомоти давлатии Афғонистон ва тадриҷан ба нерӯҳои ҳукуматӣ вогузор шудани масоили таъмини амният имконияти бештаре барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ фароҳам хоҳад омад.Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини эътидол ва барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бар он назар аст, ки ба ҷанбаи иқтисодию иҷтимоии он бояд таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардад. Ҳамёрони байналмилалӣ ва Ҳукумати Афғонистон зимни ҳамоишу конфронсҳои пешин дар мавриди тавсеаи зарфияти нерўҳои амниятӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва такмили ташаббусҳо барои комёб шудан ба сулҳу субот мувофиқа ба даст оварданд. Вале зарурати ҳамоҳангии ҳарчи бештари ин мувофиқаҳо ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар Афғонистон то кунун боқӣ мондааст.Мо бовар дорем, ки чунин шеваи коргирӣ метавонад имкониятҳои созандаи мардуми афғонро ба ин маҷро сафарбар намуда, тадриҷан иштироки бевоситаи онҳоро дар идораи равандҳои гуногуни ҳаёти кишварашон таъмин созад. Дар ин росто дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди мазкур саривақтӣ буда, метавонад дар мавриди ба кору заҳмати ҳаёти осоишта ҷалб намудани табақаҳои мухталифи аҳолии Афғонистон мусоидат намояд.Бояд зикр намуд, ки калиди ҳалли мушкилоти Афғонистон, пеш аз ҳама, дар дасти худи мардуми афғон ва ҳукумати кишвар чун намояндаи қонунии он аст. Дар ин росто Тоҷикистон аз иқдомот ва ташаббусҳои ҳукумати кунунии Афғонистон дар мавриди комёб шудан ба мусолиҳа ва таъмини сулҳу суботи устувор дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд. Шубҳае нест, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдомҳо дар марҳилаи ҳозира бояд муассиртар бошад.Иштирокдорони мўҳтарами Конфронс,Тадриҷан ба зиммаи нерўҳои ҳукуматии Афғонистон гузаштани масъулият барои таъмини амнияти кишвар тақозо мекунад, ки онҳо барои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ҳамаҷониба омода карда шаванд. Дар ин росто, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии Афғонистон дар баробари таъминоти техникӣ ба рушди ҳайати кадрӣ ниёз доранд. Тоҷикистон омода аст, ки имкониятҳои марказҳои таълимии худро барои тайёр намудани марзбонон, низомиён ва ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, ки ҳоло ҳам истифода мешаванд, васеътар пешниҳод намояд. Вале имрўз мусаллам аст, ки барои таъмини ҳаёти осоишта истифода намудани танҳо усулҳои низомиву аскарӣ кифоя нест. Барои ба сулҳу суботи пойдор ноил шудан таҳия ва татбиқи барномаю нақшаҳои фарогире зарур аст, ки ҷиҳати маҳви решаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии терроризм, экстремизм ва дигар намудҳои ҷиноят имконият фароҳам оранд.Фикр мекунам, ки барои татбиқи ин ҳадаф амалӣ намудани барномаи муборизаи муштарак бар зидди парвариш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳамёрони байналмилалӣ мебошад. Зимни ин амалия масъалаи ҷалб намудани кишоварзони афғон ба ин раванд бояд дар мадди аввали ин барнома қарор дода шавад. Дар ин маврид на танҳо иваз намудани кишти зироатҳои нашъадор бо дигар намудҳои зироатҳои кишоварзӣ, балки ба таври қотеъ пешгирӣ намудани вуруди прекурсорҳо ба Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Тоҷикистон аз ҷониби худ метавонад барои барқарорсозии системаи ирригатсионии Афғонистон ва обёрӣ намудани заминҳои кишт ҳамаҷониба мусоидат намояд. Бунёди шабакаи нерўгоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун манбаи захираҳои обӣ ва энергияи арзон барои азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Афғонистон ва эҳёи бахши кишоварзӣ аз омилҳои муҳимтарин хоҳад буд.Истифодаи оқилонаи имкониятҳои кишоварзии Афғонистон ҷиҳати таъмин намудани талаботи дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба бозорҳои минтақавӣ дар маҷмўъ ба эҳёи соҳаи мазкур ва қисман ҳал намудани масъалаи бекорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд. Раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон дар марҳилаи кунунӣ ба рушди омили инсонӣ ниёзи хосса дорад. Бино бар ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии Афғонистон бо мутахассисони зарурӣ бояд ба ҳайси яке аз самтҳои калидии фаъолияти ҳамёрони байналмилалӣ пазируфта шавад.Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки дар ин росто аз имкониятҳои Тоҷикистон истифодаи васеътар ба амал биёварад. Чунон, ки зикри он нукта рафт, Тоҷикистон аллакай ҳамкориҳоро ҷиҳати омода намудани кадрҳои низомиву марзӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ба роҳ мондааст. Таҷрибаи дар ин соҳа ҳосилшуда собит месозад, ки умумият ва муштаракоти фарҳангиву забонӣ ба самаранокии ин раванд мусоидат менамоянд. Аз ин лиҳоз мо аз ҳамёрони байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои таҳкими ин ин таҷриба, истифодаи васеи имкониятҳои мо ва ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҷиҳати омодасозии мутахассисон барои дигар соҳаҳои иқтисоди миллии Афғонистон мусоидати фаъол намоянд. Таҳти сарпарастии байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъсис додани Маркази таълимии бисёрсоҳавии касбию техникӣ метавонад дар ин самт қадами воқеӣ ва муассире бошад. Меҳмонони олиқадр ва гиромӣ,Тавсеа бахшидани иштироки Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя, яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ин кишвар мебошад. Тоҷикистон зарурати истифодаи қабл аз ҳама, имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои табиии худи Афғонистонро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин кишвар таъкид месозад. Мо бовар дорем, ки Конфроси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон аз тариқи иттихози тасмимоти мушаххас дар ин ҷода саҳми босазо хоҳад гузошт. Айни ҳол масъалаи таҳияи ташаббусҳои интегратисонӣ, инчунин эҳёи масирҳои таърихии бозаргонӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ барои кишварҳои минтақа таваҷҷўҳи хосаро тақозо дорад. Роҳандозии чунин ташаббусҳо барои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон ва таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамбастагиҳои минтақавӣ шароиту имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард. Аз ҷумла, масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон — бо пайвасти шохаҳои роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон ва қисматҳои дигари он аллакай аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ мутолеа шудааст. Дар оянда масири мазкур бо Қирғизистон ва Хитой пайваст карда шуда, метавонад ба ҳайси хатти транзитии минтақа аз ҳисоби бамаротиб зиёд шудани гардиши мол байни кишварҳо ҳамасола даромади зиёдеро ба буҷаи Афғонистон таъмин намояд.Лоиҳаи КАСА-1000 метавонад масъалаи норасоии қувваи барқро дар Афғонистон ва Покистон аз ҳисоби интиқоли он аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас ҳал кунад.Ба ҳамин монанд, сохтмони хатти интиқоли газ аз Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон тавассути қаламрави Афғонистон ва пайвасти минбаъдаи Тоҷикистон ба он, метавонад талаботи кишварҳои минтақаро ба гази табиӣ қонеъ гардонда, боз ҳам, бидуни шак, ба суди Афғонистон хоҳад буд.Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар радифи ин тарҳҳои бузург ва тавассути минбаъд амалӣ гаштани онҳо даҳҳо лоиҳаҳои иқтисодии дигар татбиқ шуда, ҳазорҳо одамон на танҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми минтақа бо кор фаро гирифта хоҳанд шуд.Аз ин лиҳоз мо ин ва дигар лоиҳаҳоро низ, ки ба тавсеаи шабакаи нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ тавассути сохтмони роҳҳои нави оҳан ва мошингард ба воситаи қаламрави Афғонистон, бунёди хаттҳои интиқоли барқ, нафт ва газ нигаронида шудаанд, пуштибонӣ менамоем.Мо итминон дорем, ки ташаббусҳои мазкур дар маҷмўъ ба равандҳои ҳамгироӣ ва ҳадафи умумии ҳамаи мо – таъмини сулҳу суббот ва рушд дар Афғонистон ва минтақа ҷавобгў мебошанд.Ҳозирини гиромӣ,Имрўз аз ҷониби мо қисмати ақалли имкониятҳое тақдими Шумо гардиданд, ки барои барқарорсозии ҳаёти осоиштаи Афғонистон ва таъмини рушди минбаъдаи он тавассути роҳандозии механизмҳои ҳамкориҳои минтақавӣ заруранд. Тафсилот ва ҷузъиёти назари Тоҷикистон нисбати қазияи мазкур ва мавзўъҳои алоҳидаи он дар рафти Конфронс аз ҷониби намояндагони кишвари мо манзур хоҳад шуд. Тавре дар боло зикр гардид, ҳамоиши имрўза оғози саҳифаи нав дар кори хайр ва наҷиби эҳёи Афғонистон аст. Зеро тағйироте, ки тайи чанд муддати охир дар равандҳои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегирад, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор вокуниш ва ташаккули муносибатҳои ба воқеияти нав ҷавобгў ва мутаносибро тақозо менамоянд. Мазмун ва мўҳтавои чунин муносибот ба дўши мо масъулияти боз ҳам бузургтареро барои ояндаи Афғонистон ва минтақа вогузор менамояд.Фақат роҳандозӣ намудани чунин муносиботи фарогир ва мутаносиб имкон медиҳад, рушди устувор ва суботу амнияти минтақавӣ дар баробари ташаккули вазъи Афғонистон, таъмин гардад.Умедворем, ки натиҷаҳои ин Конфронс дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ва минтақа таъмини сулҳу субот ва эҳёи иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ин кишвари дўст ва бародар нақши муассир хоҳанд дошт. Дар охир ба кори Конфронс оздиффақият орзу намуда, аз ин боздидатон аз Душанбе таассуроти некеро умедворам. Аз таваҷҷўҳатон сипосгузорам.

Март 26, 2012 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид