Тағйирот ба қонуни фаъолияти фармасевтӣ
Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи 12 март, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» — ро баррасӣ карданд. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур иҷрои банди 18 Нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвияти раванди пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо барои соли 2011 мебошад. Ба 9 моддаи лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон дар ҷаласа лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






