Таҷдиди боз як гузаргоҳи зеризаминӣ дар маркази шаҳр

Март 5, 2012 13:35

Душанбе, 5 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе баҳри дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи ангории навсозии гузаргоҳи зеризаминӣ воқеъ дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ -кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ озмун эълон менамояд. Озмун дар як давр баргузор гардида, дар он шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва мутахассисони ватанӣ имкони иштирок карданро доранд. Дар асоси қарори шаҳрдори Душанбе шартҳои озмун тасдиқ гардидаанд. Озмун то 27 марти соли равон идома ёфта, довталабон дархостҳои худро метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе пешниҳод созанд. Бояд тазаккур дод, ки гузаргоҳи зеризаминии чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ -кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ нимаи солҳои 1970 сохта шуда, дохили он баъд аз замони истиқлолият ба растаи гулфурӯшон ва рӯзномаю китобфурӯшон табдил дода шудааст. Алҳол дар пойтахт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати пиёдагардон ҳудуди 10 гузаргоҳи зеризаминӣ фаъолият дорад.

Март 5, 2012 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад