Таҷлили Наврӯз дар Украина
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар»).- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар ин замина тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни ниёгонамон миёни доираҳои васеи кишвари иқомат, корҳои омодагиро дар асоси нақшаи муайян ба роҳ мондааст. Дар корҳои омодагӣ ба маросимҳои идона Шӯрои тоҷикони муқими Украина дар назди Сафорат, ҷамъиятҳои тоҷикони вилояту минтақаҳои Украина иштирок менамоянд. Бо назардошти он, ки тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид иди Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст, Сафорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Ироқ, Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронидани маъракаи ботантанаи муштаракро ба нақша гирифтааст. Дар маросимҳои мазкур баъд аз пайғоми табрикии сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва меҳмонон филм дар бораи чашнгирии иди Наврӯз дар Тоҷикистон ва давлатҳои гуногуни дунё ва намоиш дода мешавад. Сипас консерти калон баргузор мегардад, ки дар он ҳар як кишвар санъати миллии худро пешниҳод менамояд. Дар консерти идона ансамбли кӯдаконаи “Наврӯз”, ки бо ташаббуси намояндагии Тоҷикистон дар Украина ташкил шудааст, иштирок менамояд. Сафорат барои дастрасии доираҳои васеъи кишвари иқомат ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва ҷашнгирии Наврӯзи бостонӣ дар Тоҷикистон, китоберо бо номи “Наврӯз дар Тоҷикистон” бо забонҳои украинӣ ва англисӣ ба чоп омода намудааст. Китоб нусхаи электронӣ низ дорад. он замима мегардад). Китоби “Наврӯз дар Тоҷикистон” дар рӯзи ҷашн миёни иштирокдорон тавзеҳ мешавад ва ҳамзамон бахшҳои алоҳидаи он дар сомонаи интернетии сафорат ва рӯзномаву маҷаллаҳои кишвари иқомат пешкаш мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






