Таҷлили наврӯзи ҷавонон дар «Ориёно»
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо ташаббусу ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯзи ҷавонони ҷаҳон” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Раиси Кумита Маликшо Неъматов аз дастовардҳои ихтироъкорони ҷавон дидан намуда, ба ихтирои ҷавонони даврони истиқлолият баҳои баланд дод.Ҳамзамон дар хатнасури 8 нафар кӯдак ва тӯйи хонадоршавии се ҷуфт ҷавон иштирок намуда, тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаро дар рӯҳияи тантанавӣ ба ҷавонон супорида, баргузории тӯйи хонадоршавии онҳоро дар ин рӯзи саид фоли нек ва идомаи анъанаи ниёгони бузургамон маънидод намуд.Дастурхони наврӯзии ҷавонон, ки бо таомҳои миллӣ ва суманак оро ёфта буд, тарғибгари таомҳои миллӣ ва наврӯзии мо буда, ба ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба суннатҳои ниёгонро талқин менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






