Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Брюссел
Душанбе, 23 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар қасри бошукуҳи «Palais des Colonies» зиёфати идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нарвӯз баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон дар Шоҳигарии Белгия ороста шуд. Дар ҷашнвора роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Белгия аккредитатсия шудаанд, Намояндагони доими дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, шахсони баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Белгия, Иттиҳоди Аврупо, НАТО, Паймони нерӯ, Шӯрои Аврупо, вакилони Парлумони Аврупо, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ фарҳангӣ ва васоити ахбори оммаи Аврупо иштирок намуданд.Бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Туркманистон дар Шоҳигарии Белгия Какаджан Моммадов (Дуайен) баромад намуда, меҳмононро аз номи сафирони кишварҳои-ташкилкунандаи ин ҷашн хайру мақдам ва бо иди баҳор табрик намуд. Сипас маликаи баҳор, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯи Донишгоҳи ш. Лювен Камила Солиева меҳмононро аз таърихи бавуҷудоии Нарвӯз, қатъномаи СММ, ки 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намудааст ва дохил намудани Наврӯз ба рӯйхати мероси ҷаҳонии фарҳангии ғайримоддии инсоният, инчунин бо анъанаҳои ҷашнгирии Нарвуз ва тайер намудани таомҳо, аз ҷумла «суманак» ошно сохт. Ғайр аз ин, филм дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз дар Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Туркманистон нишон дода шуд.Дар рафти зиёфати идона ба меҳмонон таомҳои миллӣ ва шириниҳои кишварҳои ташкилкунандаи ин чорабинӣ пешкаш карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






