Таҷлили рӯзи матбуот дар Суғд
Хуҷанд, 12 март. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бахшида ба 100- солагии рӯзномаи «Бухорои Шариф» ва рӯзи матбуоти тоҷик дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд маҳфили идонаи кормандони васоити ахбори умум ва аҳли зиёи вилояти Суғд доир шуд. Тайи солҳои охир дар вилоят нашрияҳои зиёд таъсис ёфта ва ҳоло зиёда аз 40 нашрияи гуногун-давлатию расмӣ, хусусиву соҳавӣ, ҷамъиятиву оммавӣ нашр мешавад. Дар маҳфил аз нақши матбуот дар ҳаёти ҷомеа, таърихи эҳё ва рушди матбуоти миллии тоҷик сухан гуфта, нақши аввалин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои Шариф»-ро дар фаҳранги миллӣ шоиста арзёбӣ карданд. Дар маҳфили идона ҳамчунин паҳлӯҳои дигари матбуот, аз ҷумла забони васоити ахбори умум, омодагии кадрҳои журналистӣ, дарёфту дастгирии соҳибистеъдодҳои ҷавон ва зарурати инъикоси холисона ва воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа ва масъулиятшиносии рӯзноманигорон таъкид гардид. Дар поении маҳфил озмунҳои эҷодӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон ва собиқадорони матбуот, беҳтарин кормандони васоити ахбори умум бо ҷоизаю мукофот ва армуғонҳо қадршиносӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






