Таҷлили санаи тақдирсози миллат
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таҷлили 20-солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати мамлакат аз 1 марти соли ҷорӣ ба имзо расид. Мутобиқи қарори мазкур ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили 20-солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов таъсис шуда, роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба он шомил гардиданд.Ба роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш шудааст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз тадбирҳо андешанд. Маврид ба зикр аст, ки нақши иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иқтисодии Тоҷикистон басо муҳим арзёбӣ шуда, ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз дар таърих боқӣ хоҳад монд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






