Тарҳрезии лоиҳаи Кодекси андози ҶТ
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири молия, роҳбари комиссияи оид ба тарҳрезии таҳрири нави лоиҳаи Кодекси андози ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва боҷи давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон Н.Саидхоҷаев перомуни баррасии пешниҳоду тавсияҳо ба таҳрири нави лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Сипас вазири молияи ҷумҳурӣ қайд намуд, ки бояд бо дарназардошти истифодаи меъёрҳои қобили қабул, ки бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳо мувофиқа шудаанд, варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси андоз таҳия намуда ва ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Қобили зикр аст, ки аз оғози тарҳрезии лоиҳа 2 ҳазору 446 пешниҳоду тавсияҳои муассисаю ассотсиатсияҳои давлатию ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳидаи ҳуқуқию инфиродӣ ба унвони комиссия расида, аз ҷониби коршиносон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифта ва пешниҳодоти қобили қабул ба таҳрири нави лоиҳаи Кодекси андози ҶТ ворид карда шуданд. Алҳол комиссияи махсус пешниҳодотро ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳо таҳлил менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






