Таъсири омилҳо ба андози иҷтимоӣ

Март 19, 2012 17:10

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои маъмурикунонии андози иҷтимоӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар машврат мутахассисону намояндагони Агентии омори назди Президенти ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти андоз ва доираи васеи андозсупорандагон иштирок ва доир ба мушкилоти ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, аз қабили сари вақт ва дуруст пешниҳод накардани эъломияҳои андози иҷтимоӣ, кам нишон додани музди меҳнат ва шумораи кормандони кироя изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки чунин омилҳо боиси иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ мегарданд. Ҳамзамон зикр шуд, ки тибқи таҳлилҳои кормандони Кумитаи андоз дар соли 2011 назар ба соли 2010 шумораи коргарони кироя ва фонди музди меҳнат дар як қатор субъектҳои хоҷагидорӣ кам шуда, ин ҳолат ба иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонидааст. Дар баробари ин, як қатор андозсупорандагон шумораи коргаронро дар як сатҳ нигоҳ дошта ё худ ҳатто то якчанд нафар зиёд карда бошанд ҳам, фонди музди меҳнати онҳо кам гардидааст. Чунин далелҳо шаффоф будани фаъолияти андозсупорандагонро зери шубҳа мегузорад ва таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти молиявии онҳоро тақозо менамояд. Мақсад аз гузаронидани машварат иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба афзоиши музди меҳнат, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, инчунин ба андозсупорандагон фаҳмонидани мафҳум, моҳият ва омилҳои ба андози иҷтимоӣ таъсиррасонанда мебошад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Ҳомидова иттилоъ дод.

Март 19, 2012 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд