Таъсиси маркази намунавии истеҳсолоти кишоварзӣ

Март 30, 2012 17:08

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири кишоварзӣ Юсуф Султонноёбов бо як гурӯҳ намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба таъсиси Маркази намунавии таҷрибавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Муовини вазири кишоварзӣ Ю.Султонноёбов аз ҳамкориҳои дуҷониба доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан кӯмакҳои техникӣ, мошинолот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва омӯзиши кадрҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Директори Маркази ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ян И доир ба гузаронидани корҳои тадқиқотии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, махсусан таъсиси корхонаи тухмитозакунӣ ва майдони намунавии таҷрибавии маҳсулоти кишоварзӣ баҳри рушди соҳаи агросаноатии ҷумҳурӣ ҳарф зад. Ҳамзамон намояндагони вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин қайд намуданд, ки дар оянда низ доир ба рушди техника ва технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ, инкишофи илми кишоварзӣ ва омӯзиши кадрҳо ҳамкориҳоро боз ҳам мустаҳкам менамоянд. Гурӯҳи корӣ барои интихоби ҷой барои таъсиси маркази намунавӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар менамояд.

Март 30, 2012 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд