Таъсиси намояндагии «Созандагони Ватан» дар Шаҳринав
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– 29 феврали соли ҷорӣ бо иштироки зиёда аз яксаду панҷоҳ нафар ҷавони фаъол бо садо додани суруди миллӣ нахустин маҷлиси умумии Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шаҳринав ба кори худ шурӯъ кард. Дар маҷлис масъалаи интихоби ҳайати маҷлиси умумии намояндагӣ ва роҳбари намояндагии ташкилот дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав Ҳусейн Норов, муовини раиси ноҳия Мусаллама Қодирова, сардори раёсати маорифи ноҳия Абдуманнон Ғаниев иштирок намуданд.Намояндагон аз таъсиси намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия хуш истиқбол карда, аз ҷавонони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи ташкилоти навтаъсис муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки ҳар гуна андешаву ғояҳои ғайрисуннатӣ ба тафаккуру фарҳанги бузурги миллати тоҷик рахна занад.Адҳам Мирсаидов, раиси ташкилот доир ба ҳадафу барномаҳои ташкилот ҳарф зада, дар назди ҷавонон вазифаҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ мушаххас намуд.Баъди пешниҳоду хулосаҳо 17 нафар ҷавони фаъол ба ҳайати маҷлиси умумӣ интихоб шуданд. Аскаралӣ Гулов роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шаҳринав интихоб гардид. Ҷавонон бо ташаббуси нахустини хеш ваъда доданд, ки дар назди намояндагӣ гурӯҳи фарҳангии ҷавононро таъсис менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






