Таъсиси Шӯрои тоҷирони Тоҷикистон дар Чехия
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафорати Тоҷикистон дар Чехия дар ҷараёни таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Прага Шӯрои тоҷирони Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Дар ин маросим намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чехия, аҳли тиҷорат, шаҳрвандони тоҷикистонии муқими кишварҳои Аврупо ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.Сафири Тоҷикистон дар Чехия Имомуддин Сатторов аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои ояндадори ҳамкории Тоҷикистон бо Чехия ва кишварҳои дигари Аврупои Шарқӣ дар бахши тиҷорату иқтисодиёт ва илму фарҳанг нақл кард.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






