Таваҷҷӯҳи Бритониё ба меваи Тоҷикистон
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-9 марти соли ҷорӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбари ширкати бритониёии «Jirehouse Capital» Стивен Ҷонс мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ бо ҷалби сармояи ин ширкат, аз ҷумла корхонаҳои коркарди мева ва маҳсулоти ширӣ дар минтақаҳои дурдасти куҳистон баррасӣ гардиданд. Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум байни вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва роҳбари ширкати «Jirehouse Capital» Стивен Ҷонс ба имзо расонида шуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






