Тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ

Март 9, 2012 17:27

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷараёни мулоқоташ бо Вазири корҳои хориҷии Эрон Алиакбар Солеҳӣ баён дошт. Мавсуф зикр кард, ки Сарвари кишвари мо дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус Эрон пайваста таъкид менамояд. Шукурҷон Зуҳуров дар бораи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон сӯҳбат намуда, афзуд: барои рушди муносибатҳои иқтисодии ҳар ду кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба имзо расидани беш аз 150 санади танзимкунандаи ҳамкориҳои гуногуни дуҷониба дар соҳахои гуногун далели ин гуфтаҳост. Раиси Маҷлиси намояндагон илова намуд, ки танзимкунандаи асосии фаъолияти иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо, асосан санадҳои ниҳоят муҳим, амсоли Мувофиқатнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо, Созишнома дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯӣ аз пардохти андоз ва Созишномаи тиҷоратист, ки дар заминаи Созишномаи тиҷоратии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис дода шудааст. Зикр гардид, ки баҳри таҳкими ҳамкориҳои Душанбею Теҳрон дар риштаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад ва пайваста густариш додани онҳо боиси афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷии кишварҳои мо хоҳад гашт. Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои имконоти васеи таҳким ва густариши ҳамкориҳои бунёдии иқтисодӣ ва боло бурдани нақши минтақавии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад. Бояд зикр кард, ки вазири корҳои хориҷии Эрон Алиакбар Солеҳӣ бо нахустин сафарӣ расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Март 9, 2012 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад