«Тибби Шоҳзодамуҳаммад»
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои мутахассисони соҳаи дорусозӣ, дар Бадахшон зиёда аз 240 намуди рустаниҳои шифобахш мерӯяд, ки 20 –тои он фақат хоси ҳамин минтақа мебошад. Хусусияти шифоии рустаниҳо дар тибби мардумӣ ба таври зарурӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ аз қадимулайём истифода мешуд. Китоби олими гиёҳшиноси маҳаллӣ Шоҳзодамуҳаммад, ки натиҷаи омӯзиш ва мушоҳидаҳои чандинасраи мардумӣ бо номи «Тибби Шоҳзодамуҳаммад» рӯи чоп оварда шудааст, дастоварди хуб дар соҳаи дорусозии ватанӣ мебошад.Аз диди мутахассисон, танҳо савияи пасти дониши экологӣ боис шудааст, ки сокинони маҳаллӣ аз рустаниҳои шифоӣ камтар истифода баранд. Ба андешаи мутахассисони соҳаи дорусозии вилоят бо масрафи камтарин маблағ сохтани корхонаи хурди дорусозӣ дар Бадахшон имконпазир аст. Бунёди чунин корхона дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони олмонӣ ё маҷорӣ, ки дар соҳаи дорусозӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, мушкил нест. Дар навбати худ доруи аз гиёҳҳои шифоии Бадахшон истеҳсолшуда аз лиҳози экологӣ тозатарин ва шифобахштарин доруи олам дониста хоҳад шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






