Тоҷикистон дар ЭКСПО – 2012
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Дар ҷараёни машварати корӣ дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ масъалаҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Намоишгоҳи махсуси универсалии ЭКСПО – 2012, ки аз 12 май то 12 август дар шаҳри Ёсуи Куриё баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода Комиссари генералии нигораҳои Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати ҶТ оператори миллии он тайин шудаанд. Ҳукумат ҳайати Кумитаи тадорукотии омодагирӣ ба нигораҳои миллӣ ва таъмини иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭКСПО – 2012 – ро тасдиқ намуд. Мувофиқи суханони раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид, мавзӯи асосии ЭКСПО – 2012 «Уқёнуси зинда ва минтақаи соҳилӣ: гуногунии захоир ва истифодаи самарабахши онҳо» мебошад. Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ, дар намоишгоҳ беш аз 100 кишвар ва 8 ташкилоти байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






