Тоҷикистон дар гурӯҳи “Б”-и футзали Осиё
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Қуръакашии дастаҳои футзали Осиё, ки дар чемпионати навбатӣ ширкат меварзанд, дастаи мунтахаби моро ба гурӯҳи “Б” якҷоя бо дастаҳои Ҷопон, Тайван ва Лубнон шомил кард. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои АМА, Таиланд, Қирғизистон, Туркманистон, ба гурӯҳи “С” Эрон, Австралия, Қатар, Куриёи Ҷанубӣ ва ба гурӯҳи “Д” Ӯзбакистон, Индонезия, Чин ва Кувайт бо ҳам омаданд. Вохӯриҳо аз 25-уми май то 1-уми июни соли равон дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор хоҳанд шуд. Вохӯрии нахустини дастаи мо рӯзи 25-уми май бо Тайван, 26-ум бо Ҷопон ва 27-уми май бо Лубнон сурат мегирад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба бозиҳои минбаъда роҳхат хоҳанд гирифт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






