Тоҷикистон дар конфронси БРО иштирок мекунад
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бо ибтикори Бонки Рушди Осиё ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 26 – 27 март дар шаҳри Кунмини ҶМЧ конфронс дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ — таҷрибаи Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором» баргузор мегардад. Дар конфронс шахсони расмии кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором перомуни ҳамкории минтақавӣ дар бахши нақлиёт, энергетика ва конфронс табодули таҷриба менамоянд.Ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳамидуллохон Фақеров сарварӣ мекунад. Ба ҳайат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шомиланд.«Дар конфронс мақоми ниҳодҳои иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавии молиявӣ ва ҷалби сармояҳо мавриди муҳокима қарор гирифта ва аз рӯи натиҷаи он нақшаи амалияи муосир ҷиҳати рушду густариши ҳамкорӣ дар минтақа тарҳрезӣ мешавад», — зикр намуд намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар ҶТ Ҷоҷӣ Токешӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






