Тоҷикистон дар намоишгоҳи ITB Берлин-2012
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон намоишгоҳи байналмилалии ITB Берлин-2012 ба кори худ шурӯъ намуд.Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 40 метри мураббаъ гӯшаи «Тоҷикистон кишвари туристӣ»-ро ба маърази тамошо дар ин намоишгоҳ пешниҳод менамояд.Дар кори намоишгоҳ беш аз 12 ширкатҳои туристии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомонайр» ва меҳмонхонаи «Сирена»-и Душанбе иштирок менамоянд.Ҳамзамон барои иштирокчиёни намоишгоҳ маводи зиёди таблиғотию ташвиқотии захираҳои туристии Тоҷикистон ироа мегардад.Дар рӯзи кушоиши намошгоҳи мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва баромад намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.Дар рӯзи аввали намоишгоҳ дар назар аст, ки як қатор кормандони воломақоми намоишгоҳ, аз ҷумла Котиби Генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Неъматов мулоқот анҷом диҳад.Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 4-ум аст, ки дар ин намоишгоҳ иштирок менамояд. Ҳамасола дар ин намоишгоҳ беш аз 180 кишвари ҷаҳон иштирок карда, аз ин намоишгоҳ беш аз 250.000 дӯстдорони сайру саёҳат дидан мекунанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






