Тоҷикистон ва ҶМДК бозиро мусовӣ намуданд
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи даври шашуми мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон дар минтақаи Осиё ва гурӯҳи «С» вохӯриро бо дастаи мунтахаби ҶМДК бо ҳисоби як бар як мусовӣ намуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 54 – ум бозингари дастаи мунтахаби ҶМДК Сонг Хюк кушод. Сипас футболбози тоҷик Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 62 – юм ҳисоби бозиро баробар намуд. Хотирнишон месозем, ки ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






