Варзишгарон соҳиби унвон гардиданд
Душанбе, 23 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ як гӯрӯҳ варзишгарон ва кормандони соҳаи варзишро барои хизматҳои арзандаашон бо унвонҳои фахрии варзишӣ сарфароз гардонид. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов дар рӯҳияи тантанавӣ ба 6 нафар варзишгарон унвони Номзад ба устоди варзиши ҶТ, ба 44 нафар варзишгарон унвони Устоди варзиши ҶТ, ба 20 нафар варзишгарон унвони Устоди дараҷаи байналмиллалӣ, ба 5 нафар варзишгарон унвони Мураббии шоистаи варзишӣ, ба 5 нафар варзишгарон унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии ҶТ, ба 7 нафар варзишгарон унвони Мураббии дараҷаи олӣ ва ба 2 нафар варзишгар Унвони довари дараҷаи ҷумҳуриявро супорид. М. Неъматов аз дастовардҳои варзишии даврони истиқлолият ва баракати сулҳу ваҳдат ёдовар шуда, варзишгаронро ҳушдор намуд, ки аз ҳарвақта дида тамрину машқҳои варзиширо бештар кунанд, аз толорҳои замонавии барояшон бунёдгардида хуб истифода намоянд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ҳунари зебои варзишиашон парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






