Вазъи роҳҳои Тоҷикистон
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Якзайл фуромадани тарма, шамоли сахт ва боришоти сахти барф вазъияти роҳҳои Тоҷикистонро мушкил месозанд», — хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи идораи фаъолияти фаврии Вазорати нақлиёти ҶТ Владимир Багуманов.Мувофиқи суханони мавсуф, дар ҳоли ҳозир роҳи мошингарди «Душанбе – Хуҷанд», ҳамчунин, роҳҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим пурра баста шудаанд. Ғайр аз ин, роҳи мошингарди «Ваҳдат — Рашт – Ҷиргатол» — и ҳамсарҳад бо Қирғизистон ва ағбаи «Истиқлол» баста шудааст. «Аз 8 ноябр то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 50 маротиба барф борид. Боришоти барф, шамоли сахт ва яхбандӣ боиси мураккаб гардидани вазъи роҳҳои Тоҷикистон шуданд. Ҳоло барои аз барф тоза кардани роҳҳо ҳамаи чораҳо дида шуда, ҷараёни ин корҳо таҳти назорати Вазорати нақлиёти ҶТ қарор доранд», — хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






