Вохӯрии Муншии умумии САҲА бо намояндагони ВАО
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 27 март Муншии умумии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ламберто Занер дар ҳошияи ташрифи серӯзааш ба Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори оммаи ҶТ вохӯрд. Ламберто Занер ба журналистон перомуни мулоқоташ бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ва иштирокаш дар Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон нақл кард.Мавсуф, аз ҷумла, қайд намуд, ки зарурати рушди минбаъдаи мушорикати стратегии байни Тоҷикистону САҲА дар бахшҳои ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодию экологӣ, ҳамчунин дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон вуҷуд дорад. Ламберто Занер ҳамчунин фикру мулоҳизаашро роҷеъ ба ҳамкории САҲА дар Афғонистон иброз дошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






