Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии исломии Покистон Алӣ Раҳмон Маликро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ тарафҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта ибрози назар намуда, таъкид бар он доштанд, ки дар оянда ҳамкориро бобати пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин ҷиноятҳои ба сулҳу суботи минтақа таҳдидкунанда тақвият бахшанд.Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии исломии Покистон Алӣ Раҳмон Малик вазири корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд, ки барои боздиди расмӣ ба ин кишвар ташриф орад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






