Воридоти маҳсулоти нафтӣ
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Тибқи маълумот дар ду моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 13048,2 тонна гази моеъ ворид шудааст, ки ин воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 10436,5 тонна зиёд аст. Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 510 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дорад, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта (494 адад) 16 адад зиёд мебошад.Дар моҳи январи соли 2012 аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 15 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид гардида ва корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ бо он таъмин шудаанд.Инчунин ба ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли 2012 ба миқдори 37,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин – 20,5 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ – 8,5 ҳазор тонна, мазут – 3,9 ҳазор тонна, сӯзишвории ТС-1 – 3,3 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ – ҳазор тонна, битум – 120 тонна ворид шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилооъ доданд








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






